Дар Киев масоили омодагӣ ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Украина баррасӣ шуд

Дар шаҳри Киев мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо муовини визири корҳои хориҷии Украина Виктор Майко баргузор шуд. Тавре аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Украина хабар доданд, дар ҷараёни гуфтушуниди кориву дӯстона масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ шуда, ба масъалаи омодагӣ ба сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Украина, […]


Дар шаҳри Киев мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо муовини визири корҳои хориҷии Украина Виктор Майко баргузор шуд.

Тавре аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Украина хабар доданд, дар ҷараёни гуфтушуниди кориву дӯстона масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ шуда, ба масъалаи омодагӣ ба сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Украина, ки нимаи дуюми моҳи декабри соли равон ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар остонаи сафари сарвари давлати Тоҷикистон баргузор шудани ҷаласаи III-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба масоили иқтисодиро, ки дар пойтахти Украина рӯзҳои 5-6-уми декабр доир мегардад, ҷонибҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур баррасии самтҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетикаву саноат, сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг ва омодасозии кадрҳо дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар асноди ниҳоии дар ҷаласаи байниҳукуматӣ қабулшуда ворид сохтани як қатор пешниҳодот дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, амалисозии лоиҳаҳои мутақобилан судманди сармоягузорӣ ва барномаҳо дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд мунтахаби Тоҷикистон 12 медал ба даст овард

Александра Кан ба дарёфти медали тиллои мусобиқа даст ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.