Нахустин сафири Тоҷикистон дар Литва ба президенти ин давлат эътимоднома супурд

Дар шаҳри Вилнюс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов (иқоматгоҳ дар ш. Минск) ба Президенти Ҷумҳурии Литва Даля Грибаускайте эътимоднома супорид. Тавре аз департаменти иитилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ, ки баъди маросими супоридани эътимоднома баргузор гардид, масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодии ду давлат баррасӣ шуданд. Ба […]


Дар шаҳри Вилнюс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов (иқоматгоҳ дар ш. Минск) ба Президенти Ҷумҳурии Литва Даля Грибаускайте эътимоднома супорид.

Тавре аз департаменти иитилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ, ки баъди маросими супоридани эътимоднома баргузор гардид, масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодии ду давлат баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, президенти Литва аввалин сафири Тоҷикистон дар Литваро барои таъин шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, изҳори боварӣ кард, ки таъиноти Қ.Қоимдодов ба ин вазифа барои рушд додани муносибатҳо заминаи хубе хоҳад буд.

 Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Литва соли 1992 барқарор шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.