Ҳудуди 160 нафар хуҷандиён соҳиби қитъаи замин шуданд

Тақсимоти қитъаи замин барои сохтмони манзили шаҳрвандон аз қасабаҳои 1-ум ва 2-юми шаҳри Хуҷанд идома мекунад. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, бо ин мақсад  заминҳои доманакӯҳи Мевағул аз ҷониби ташкилотҳои пудратӣ ҳамвор карда, барои сохтмони хонаҳои истиқоматии хусусӣ мувафиқ гардонда мешаванд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз аз ҳисоби заминҳои ҳамворшуда боз 9,54 […]


Тақсимоти қитъаи замин барои сохтмони манзили шаҳрвандон аз қасабаҳои 1-ум ва 2-юми шаҳри Хуҷанд идома мекунад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, бо ин мақсад  заминҳои доманакӯҳи Мевағул аз ҷониби ташкилотҳои пудратӣ ҳамвор карда, барои сохтмони хонаҳои истиқоматии хусусӣ мувафиқ гардонда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз аз ҳисоби заминҳои ҳамворшуда боз 9,54 гектар замин ҷудо карда, ба 159 оилаҳои эҳтиёҷманди манзил тақсим карда шуд.

«Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар маросими тақсимоти замин суханронӣ карда, ҳамаи онҳоеро, соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд, табрик намуд ва хоҳиш кард, ки ба хотири ободию зебогии маҳаллаҳои нав бунёдшаванда, беҳдошти симои меъмории ҳам минтақа, ҳам маҳалла ва ҳам шаҳр сохтмони иншоотро тибқи лоиҳаҳои аз ҷониби мутахассисон пешниҳодшуда ба роҳ монанд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти раиси шаҳр.

Зимнан зикр гардид, ки шурӯъ аз аввали маъракаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои қасабаҳои 1-ум, 2-юм ва мавзеи «Чашмаи арзана» 793 оилаҳои хуҷандиён соҳиби қитъаи замин гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.