Таъсиси Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Украина

Date:


Чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо сафари корӣ ба вилояти Днепропетровск ин кишвар ташриф овард.

Тавре аз департаменти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон бо Раиси маъмурияти давлатии вилоят Александр Вилкул вохӯрӣ анҷом дод, ки дар рафти он масоили рушди муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ, ривоҷи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар рафти сафари худ, Ш.Султонов аз ташкилоти саноатии ҷамъиятии «Корхонаи мошинсозии ҷанубӣ», комплекси кишоварзии «Агросоюз», Донишгоҳи миллии кӯҳшиносӣ дидан намуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин вохӯрии дипломати тоҷик бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар ин вилоят таҳсил мекунанд, баргузор гардид, ки дар рафти он, ҳамроҳ бо роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии минтақа масъалаҳои илмомӯзӣ ва зиндагонии донишҷӯён баррасӣ гардиданд. Бо мақсади мустаҳкам намудани равобит ва мубодилаи таҷрибаи ҷойдошта бо донишҷӯёни тоҷикистонии дигар минтақаҳои Украина, пешниҳод гардид, ки дар назди Сафорат Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ таъсис дода шавад, ҳамчунин ҳамасола вохӯрӣ-форумҳо, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами донишҷӯён аз Тоҷикистон, олимпиадаҳои тахассусӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва фестивалҳои мусиқӣ гузаронида шаванд. Ҳозирин қарор доданд, ки аввалин вохӯрӣ-форуми тамоми донишҷӯёни тоҷикистонии Украинаро охири моҳи апрели соли 2012 баргузор намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...