Ҳукм нисбат ба Усмонов бетағйир боқӣ монда шуд

Суди олии Тоҷикистон ҳукм нисбат ба хабарнигори осиёимиёнагии хабаргузории Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмоновро, ки аз ҷониби суди вилояти Суғд содир шуда буд, бетағйир боқӣ гузошт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баррасии шикояти кассатсионии журналист суд ба хулосае расид, ки ҳукми аз ҷониби зинаи поёнӣ содиршуда боадолатона аст. Ёдрас мекунем, […]


Суди олии Тоҷикистон ҳукм нисбат ба хабарнигори осиёимиёнагии хабаргузории Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмоновро, ки аз ҷониби суди вилояти Суғд содир шуда буд, бетағйир боқӣ гузошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баррасии шикояти кассатсионии журналист суд ба хулосае расид, ки ҳукми аз ҷониби зинаи поёнӣ содиршуда боадолатона аст.

Ёдрас мекунем, ки Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори осиёимиёнагии Би-Би-Си дар таърихи 14-уми октябри соли равон дар хабар надодан ба мақомот дар бораи содир шудани ҷиноят айбдор дониста шуда, ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Бо истифодаи қонуни афв ӯ аз толори додгоҳ озод карда шуд.

Ӯрунбой Усмонов он замон изҳор карда буд, ки худро гунаҳкор намешуморад. «Дар ҷараёни мурофиаи судӣ робитаи ман ба фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» исбот нашуд ва он айбномаҳое, ки тафтишот ба ман пешниҳод карда буд, низ тасдиқи худро наёфтанд», – гуфта буд рӯзноманигор зимни мурофиаи судӣ.

Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ боздошт шуда буд. Пас аз як моҳ ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда шуд.

Пас аз эълони ҳукм роҳбари барнмаи умумиҷаҳонии Би-Би-Сӣ Питер Хорокс изҳор кард, ки корпоратсия кӯшишоти худро ҷиҳати барқарор сохтани шаъну шарафи рӯзноманигори худ идома хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.