Таъсиси Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Украина

Чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо сафари корӣ ба вилояти Днепропетровск ин кишвар ташриф овард. Тавре аз департаменти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон бо Раиси маъмурияти давлатии вилоят Александр Вилкул вохӯрӣ анҷом дод, ки дар рафти он масоили рушди муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ, ривоҷи муносибатҳои дуҷониба […]


Чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо сафари корӣ ба вилояти Днепропетровск ин кишвар ташриф овард.

Тавре аз департаменти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон бо Раиси маъмурияти давлатии вилоят Александр Вилкул вохӯрӣ анҷом дод, ки дар рафти он масоили рушди муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ, ривоҷи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар рафти сафари худ, Ш.Султонов аз ташкилоти саноатии ҷамъиятии «Корхонаи мошинсозии ҷанубӣ», комплекси кишоварзии «Агросоюз», Донишгоҳи миллии кӯҳшиносӣ дидан намуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин вохӯрии дипломати тоҷик бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар ин вилоят таҳсил мекунанд, баргузор гардид, ки дар рафти он, ҳамроҳ бо роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии минтақа масъалаҳои илмомӯзӣ ва зиндагонии донишҷӯён баррасӣ гардиданд. Бо мақсади мустаҳкам намудани равобит ва мубодилаи таҷрибаи ҷойдошта бо донишҷӯёни тоҷикистонии дигар минтақаҳои Украина, пешниҳод гардид, ки дар назди Сафорат Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ таъсис дода шавад, ҳамчунин ҳамасола вохӯрӣ-форумҳо, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами донишҷӯён аз Тоҷикистон, олимпиадаҳои тахассусӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва фестивалҳои мусиқӣ гузаронида шаванд. Ҳозирин қарор доданд, ки аввалин вохӯрӣ-форуми тамоми донишҷӯёни тоҷикистонии Украинаро охири моҳи апрели соли 2012 баргузор намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.