Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ 15-уми декабр доир мегардад

Чанде қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор дар бораи рӯзи 15-уми декабри соли равон даъват кардани иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии парлумони кишварро ба имзо расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумон Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия баррасии Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар […]


Чанде қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор дар бораи рӯзи 15-уми декабри соли равон даъват кардани иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии парлумони кишварро ба имзо расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумон Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия баррасии Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин ворид сохтани тағйиру илова ба қонунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи Гвардияи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи реклама», «Дар бораи коррупсия» ва дигар асноди қонунгузории қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда ба нақша гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.