Нахуствазири ҷумҳурӣ ба Бишкек рафт

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар маросими расмии сари мансаб омадани президенти нави Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки имрӯз дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, ба пойтахти ин кишвари ҳамсоя сафар кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар чаҳорчӯби иштирок дар ин чорабинӣ Оқил Оқилов ҳамчунин бо сарони ҳайати […]


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар маросими расмии сари мансаб омадани президенти нави Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки имрӯз дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, ба пойтахти ин кишвари ҳамсоя сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар чаҳорчӯби иштирок дар ин чорабинӣ Оқил Оқилов ҳамчунин бо сарони ҳайати як қатор кишварҳое, ки дар маросими савгандёдкунӣ ва расман сари вазифа омадани президенти нави Қирғизистон иштирок мекунанд, дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Қаблан як сарчашма аз ҳукумати кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор карда буд, ки дар маросими мазкур президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид.

Ёдрас мекунем, ки бо фармони президенти амалкунандаи Қирғизистон Роза Отунбоева санаи расман ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани президенти нави Қирғизистон ба 1-уми декабр таъин шуд. Барои баргузории ин маросим кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шудааст, ки барномаи чорабиниҳоро таҳия месозад.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар маъракаи интихоботи президентӣ дар таърихи 30-юми октябр бо касби 1 млн. 161 ҳазор раъй пирӯзӣ ба даст овард. Дар маъракаи интихоботии пешин, ки моҳи июли соли 2009 баргузор шуда буд, ӯ танҳо ба 195 ҳазор овоз соҳиб гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.