Дар Суғд пешвои нави ҲХДТ интихоб шуд

Дар вилояти Суғд ҷаласаи комиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  доир гардида, дар он масъалаи ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, муовини раиси комиҷроияи марказии ҲХДТ Асрор Латифов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки раиси комиҷроияи  ҲХДТ дар вилоят Бибихон Азизова бо мақсади барқарор кардани сиҳатиаш ба КИМ ҲХДТ […]


Дар вилояти Суғд ҷаласаи комиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  доир гардида, дар он масъалаи ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, муовини раиси комиҷроияи марказии ҲХДТ Асрор Латифов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки раиси комиҷроияи  ҲХДТ дар вилоят Бибихон Азизова бо мақсади барқарор кардани сиҳатиаш ба КИМ ҲХДТ ариза пешниҳод кард ва хоҳиш намуд, ки ӯро аз вазифааш озод намоем.  

Тибқи банди сеюми Оинномаи ҳизб  дар мувофиқа бо раиси КИМ ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмон ӯ пешниҳод кард, ки хоҳиши Бибихон Азизова қонеъ гардонида шавад.

Раиси ҳизб хизматҳои шоёни Бибихон Азизовнаро қадр намуда, ба қарибӣ бо Ифтихорномаи ҲХДТ сазовор гардонид.   Мавсуф аз номи комиҷроияи  марказии ҳизб, шахсан раиси он ба Б.Азизова барои иштироки фаъолонааш дар ҳаёти ҳизбӣ сипос гуфт. Аъзои комиҷроияи вилоятӣ дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани ӯ қарор қабул карданд.

Бо пешниҳоди А.Латифов ҳозирин дар бораи ду адад зиёд намудани ҳайати раёсати комиҷроияи вилоятӣ  қарор қабул карда, аъзоёни ҲХДТ Шарифҷон Шарифов ва Даврон Зоҳидовро ба ин ҳайат шомил намуданд. Ба раисии комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд номзадии Даврон Зоҳидов пешниҳод гардид. Иштирокдорони ҷаласа тибқи Оиннома бо овоздиҳии кушод ба ҷонибдории номзад овоз доданд. 

Асрор Латифов ба Даврон Зоҳидов барори кор хоста, дар хусуси маҷлиси раёсати  кумиҷроияи марказии ҲХДТ, ки бо сарварии раиси он Эмомалӣ Раҳмон санаи 23 ноябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе доир гардид ва вазифаҳои аъзои ҳизб сухан кард.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Анвар Ҷалилов фаъолияти доманадори Бибихон Азизоваро нек арзёбӣ карда, ба ӯ тансиҳатӣ ва барори рӯзгор орзу кард. Раиси навинтихоби комиҷроияи ҲХДТ дар вилоят Даврон Зоҳидов барои бовариашон ба КИМ  ҲХДТ, раиси он ва аъзои комиҷроияи вилоятӣ сипос гуфт ва ҳозиринро бовар кунонд, ки тамоми қувва, малака ва донишашро баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои  ҳизб харҷ менамояд.

Узви раёсати  КИМ ҲХДТ, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар суханронии худ ҳамчунин ба Бибихон Азизова барои фаъолияти пурсамараш сипос гуфта, дар бораи фаъолияти  кумиҷрояи ҲХДТ дар вилоят, ширкати фаъоли аъзоёни ҳизб дар масоили мухталифи иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ андешаҳояшро баён намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.