Блейк: ИМА дар Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои низомӣ боз карданӣ нест

Date:


Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ИМА дар Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои низомӣ боз карданӣ нест.

Блейк бо сафари кӯтоҳмуддат пас аз иштирок дар маросими расман ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани президенти нави Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз Бишкек ба Душанбе омад. Қабл аз ташриф ба шаҳри Бишкек ӯ аз шаҳри Ашқободод боздид намуд.

Дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон Блейк таъкид кард, ки «мо ҳамеша изҳор мекардем, ки ҳузури дарозмӯҳлат ё боз кардани пойгоҳҳои низомӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро пешбинӣ накардаем». Дар робита ба масъалаи ҳузури низомии ИМА дар Афғонистон пас аз соли 2014 Блейк иброз дошт, ки гуфтушунид оид ба ин масъала бо ҳукумати Афғонистон идома дорад.

Ба гуфтаи Блейк, дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, вазъ дар Афғонистон ва ҳамчунин масъалаҳои марбут ба конфронси навбатӣ оид ба Афғонистон, ки рӯзи 5-уми декабр дар шаҳри Бонн баргузор мешавад, баррасӣ шудаанд.

Ба андешаи Ёвари котиби давлатии ИМА, конфронси Бонн ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати кумак ба Афғонистон дар раванди барқарор намудани сулҳу субот ва рушди иқтисод имкон фароҳам месозад. «Мо ҷонибдори густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, бахусус дар интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар мебошем ва дар оянда ба ҳалли ин масъала ёрӣ мерасонем», – афзуд Блейк.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related