Блейк: ИМА дар Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои низомӣ боз карданӣ нест

Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ИМА дар Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои низомӣ боз карданӣ нест. Блейк бо сафари кӯтоҳмуддат пас аз иштирок дар маросими расман ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани президенти нави Қирғизистон Алмосбек Отамбоев […]


Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ИМА дар Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои низомӣ боз карданӣ нест.

Блейк бо сафари кӯтоҳмуддат пас аз иштирок дар маросими расман ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани президенти нави Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз Бишкек ба Душанбе омад. Қабл аз ташриф ба шаҳри Бишкек ӯ аз шаҳри Ашқободод боздид намуд.

Дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон Блейк таъкид кард, ки «мо ҳамеша изҳор мекардем, ки ҳузури дарозмӯҳлат ё боз кардани пойгоҳҳои низомӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро пешбинӣ накардаем». Дар робита ба масъалаи ҳузури низомии ИМА дар Афғонистон пас аз соли 2014 Блейк иброз дошт, ки гуфтушунид оид ба ин масъала бо ҳукумати Афғонистон идома дорад.

Ба гуфтаи Блейк, дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, вазъ дар Афғонистон ва ҳамчунин масъалаҳои марбут ба конфронси навбатӣ оид ба Афғонистон, ки рӯзи 5-уми декабр дар шаҳри Бонн баргузор мешавад, баррасӣ шудаанд.

Ба андешаи Ёвари котиби давлатии ИМА, конфронси Бонн ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати кумак ба Афғонистон дар раванди барқарор намудани сулҳу субот ва рушди иқтисод имкон фароҳам месозад. «Мо ҷонибдори густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, бахусус дар интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар мебошем ва дар оянда ба ҳалли ин масъала ёрӣ мерасонем», – афзуд Блейк.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.