Рӯзи сешанбе, 6-уми декабр, дар бинои суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба асосгузори нахустин Суди ҳакамӣ дар Тоҷикистон – директори Суди ҳакамии вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева оғоз гардид.
Ӯ ҳамзамон ба сифати ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва журналистони вилояти Суғд ва директори Маркази дифоъ аз ҳуқуқи «Адвокати ту» (Твой адвокат) низ фаъолият дорад.
Дар оғози мурофиа адвокати Муҳаббат Ҷӯраева Абдураҳмон Тӯраев дархостеро пешниҳод карда, изҳор намуд, ки зерҳимояи ӯ ҳанӯз 9-уми августи соли 2011 бо такя ба моддаи 74-и КҶ ҶТ оид ба қатъи парванда нисбат ба ӯ дархост пешниҳод кардааст, вале мутаасифона, ин дархост то ҳанӯз баррасӣ нашудааст.
«Бинобар ин мо такроран дархости мазкурро пешниҳод намуда, баррасии онро талаб менамоем», – қайд кард адвокат.
Айбдоркунандаи давлатӣ – прокурори прокуратураи шаҳри Хуҷанд Фаррух Абдуллоев эълон кард, ки ӯ аз иштирок дар баррасии парвандаи мазкур даст мекашад, зеро 20-уми апрели соли 2011 ӯ се қарори Суди ҳакамиро, ки директораш Муҳаббат Ҷӯраева мебошад, бекор кардааст.
Ёдрас мекунем, ки директори Суди ҳакамии вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева тибқи моддаҳои 295, қ. 1 () ва 296, қ. 2 ()-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.
Ҷаласаи судии нахустин нисбат ба Суди ҳакамии вилояти Суғд 29-уми сентябри соли равон таҳти раёсати раиси суди ноҳияи Шаҳристон Хуршеда Сангинова баргузор шуд, вале бинобар сабаби аз ҷониби айбдоршаванда рад кардани ҳайати судӣ, он ҷиҳати баррасӣ ба суди вилоятӣ фиристода шуд.
Худи адвокат М.Ҷӯраева бар ин назар аст, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ӯ фармоишӣ аст, «зеро мақомоти судӣ мавҷуд будани суди алтернативиро қабул надоранд». Ӯ ҳамчунин аз қонуншиканиҳои мақомот дар ҷараёни тафтишот низ ибрози назар кард.
«Нисбат ба ман 30 декабри соли 2010 Агентии зиддифасоди вилояти Суғд ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуд, зеро Суди ҳакамӣ ташкилоти ғайриҳукуматӣ аст. Ба сифати шоҳид ман бори нахуст 23 феврали соли 2011, яъне пас аз 54 рӯзи оғози парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ шудам. Мувофиқи қонунгузорӣ бошад, маро мебоист дар муддати 3 рӯз бозпурсӣ намуда, дар муддати 10 рӯз ба ман айбнома пешниҳод мекарданд, то ки ман тавонам аз болои он шикоят барам», – гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки 5-уми январи соли 2008 Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» қабул гардид. Муҳаббат Ҷӯраева дар вилояти Суғд нахустин Суди ҳакамӣ дар кишварро таъсис дод, ки фаъолияташро 1-уми январи соли 2009 оғоз карда, 10-уми январи соли 2011 бинобар сабаби мушкилоти пайдошуда фаъолияташро қатъ сохт.
«Тайи муддати фаъолият дар Суди ҳакамӣ беш аз 150 парвандаҳои шаҳрвандӣ баррасӣ гардида, аз он 85% ба иҷро расонида шуд ва 15% бо айби мақомоти МБТИ-и шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иҷро нарасид», – афзуд Ҷӯраева.
Акс аз радиои Озодӣ.


