Тоҷикистон намояндаи худро ба Санкт-Петербург фиристод

Date:


Субҳи имрӯз бо супориши раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов озими шаҳри Санкт-Петербури Русия шуд.

Дар ҷараёни ин сафар, ки то 11-уми декабр идома меёбад, намояндаи мардумии парлумони Тоҷикистон бевосита бо ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии қатли шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов нимаи моҳи ноябри соли равон шинос мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни сафар М.Ватанов бо сохторҳои қудратии дахлдори шаҳри Санкт-Петербург ва муҳоҷирони кории тоҷик дидору гуфтушунид карда, пас аз бозгашт аз натиҷаҳои сафар вакилонро огоҳ месозад.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябр зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба қазияи қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди тоҷик Бахтиёр Расулов дар шаҳри Санкт-Петербург изҳори назар карда, ин ҷиноятро қотеъона маҳкум намуда буд.

«Ин ҳодисаи аввалин нест, ки дар қаламрави Русия нисбати тоҷикон ба ин монанд ҷиноёти мудҳишу бераҳмона содир карда мешавад. Мо аз мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Русия талаб менамоем, ки дар кори ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳои ҷиддиву амалӣ ва муассир андешида шавад», – иброз дошта буд ӯ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related