Тоҷикистон намояндаи худро ба Санкт-Петербург фиристод

Субҳи имрӯз бо супориши раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов озими шаҳри Санкт-Петербури Русия шуд. Дар ҷараёни ин сафар, ки то 11-уми декабр идома меёбад, намояндаи мардумии парлумони Тоҷикистон бевосита бо ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии қатли шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр […]


Субҳи имрӯз бо супориши раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов озими шаҳри Санкт-Петербури Русия шуд.

Дар ҷараёни ин сафар, ки то 11-уми декабр идома меёбад, намояндаи мардумии парлумони Тоҷикистон бевосита бо ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии қатли шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов нимаи моҳи ноябри соли равон шинос мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни сафар М.Ватанов бо сохторҳои қудратии дахлдори шаҳри Санкт-Петербург ва муҳоҷирони кории тоҷик дидору гуфтушунид карда, пас аз бозгашт аз натиҷаҳои сафар вакилонро огоҳ месозад.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябр зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба қазияи қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди тоҷик Бахтиёр Расулов дар шаҳри Санкт-Петербург изҳори назар карда, ин ҷиноятро қотеъона маҳкум намуда буд.

«Ин ҳодисаи аввалин нест, ки дар қаламрави Русия нисбати тоҷикон ба ин монанд ҷиноёти мудҳишу бераҳмона содир карда мешавад. Мо аз мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Русия талаб менамоем, ки дар кори ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳои ҷиддиву амалӣ ва муассир андешида шавад», – иброз дошта буд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.