Суғд: Маҳкум шудани муборизи зиддифасод барои порагирӣ ва қаллобӣ

Date:


Дар вилояти Суғд корманди Агентии зиддифасод барои порагирӣ ва қаллобӣ ба муҳлати 6,6 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, суд муборизи зиддифасод Р.Г.-и 36-соларо мутобиқи моддаҳои 319 (Порагирӣ аз ҷониби шахси мансабдор ё тавассути миёнарав, такроран бо тамаъҷӯйии пора), 32 қисми 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) 247 (Қаллобии аз ҷониби гурӯҳи шахсон содиршуда тибқи маслиҳати пешакӣ ва аз ҷониби шахс бо истифода аз мансаби хизматӣ) ва 247, қисми 3, банди «а» (Қаллобии дар ҳаҷми зиёд содиршуда)-и КҶ ҶТ гунаҳкор донист.

Бино ба иттилои манбаъ, Р.Г. моҳи апрели соли 2011 ба воситаи миёнарав аз сокини ноҳияи Ашт К.А. барои қатъи парвандаи ҷиноӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари ИМА пора гирифтааст.

Корманди агентии зиддифасод муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо карда, ҳамчунин ба ӯ дар муддати чаҳор соли пас аз адои ҷазо кор кардан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ манъ карда шуд.

«Бар асоси моддаи 8, қисми 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» аз 28-уми августи соли 2011 мӯҳлати ҷазои маҳкумшуда аз се як ҳисса кам карда мешавад», – афзуд манбаъ дар суди шаҳрӣ.

Бино ба маълумоти раёсати зиддифасоди вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли 2011 дар қаламрви минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 30 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (соли 2010 – 29 далел) ва 65 далели қаллобӣ (соли 2010 – 37 далел) ба қайд гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...