Н.Давлат: Роҳбари МТС-ро ба «бадарғаи ифтихорӣ» ба парлумон мефиристанд

Бо як қатор суханрониҳои интиқодӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, феълан номзад ба вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Сӯҳроб Шарифов табъи гурӯҳҳои муайянеро хира кард ва аз ин рӯ, қарор шуд, ки ӯро ба «бадарғаи ифтихорӣ» ба парлумон фиристанд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯзноманигори шинохта ва сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат чунин […]


Бо як қатор суханрониҳои интиқодӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, феълан номзад ба вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Сӯҳроб Шарифов табъи гурӯҳҳои муайянеро хира кард ва аз ин рӯ, қарор шуд, ки ӯро ба «бадарғаи ифтихорӣ» ба парлумон фиристанд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯзноманигори шинохта ва сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат чунин ибрози андеша намуда, изҳор кард, ки ба пирӯзии С.Шарифов дар интихобот, ки рӯзи 18-уми декабр баргузор мешаванд, ҳеҷ шакку шубҳае надорад.

Ба ақидаи ӯ, тайи соли ахир дар изҳороти зиёди худ С.Шарифов нишон дод, ки ӯ нисбат ба ҳалли мушкилот назари мустақили хешро дорад. «Ӯ мансабталош нест, ки ба ҳамаи чиз чашмонашро пӯшаду худро нодида гирад», – гуфт ӯ.

Н.Давлат мӯътақид аст, ки ба ивази Шарифов шахсе сари мансаб хоҳад омад, ки ӯро дарҳол ба «на мисли роҳбари пешин, балки ба тарзи дигар рафтор намудан» ҳушдор хоҳанд дод.

«Ба ивази ӯ шояд сиёсатшинос Рустам Ҳайдаров ё директори пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи улуми ҶТ Абдувоҳид Шамолов ва ё каси дигар сари мансаб ояд», – тахмин мекунад вай.

Ӯ ҳамчунин бар ин назар аст, ки дар ҳукумати Тоҷикистон мақом ва нақши Маркази тадқиқоти стратегиро ба хубӣ дарк намекунанд, зеро дарк намекунанд, ки умуман илм, бахусус иқтисоду стратегияи ҷаҳонӣ дар замони муосир барои чӣ зарур аст.

«МТС барои ҳукумат бояд «маркази ақлонӣ»-е мешуд, ки дар он ҳайати шахсии зиёди олимон бо музди меҳнати арзанда ифои вазифа мекарданд. Аз ин рӯ ба назарам, Маркази мазкур дар Тоҷикистон ба хотири фиреби назар вуҷуд дорад, ҳарчанд дар он кормандони болаёқату арзанда машғули коранд», – афзуд коршинос.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.