Рӯзи 12-уми декабр шаҳрвандони шаҳри Турсунзода ва навоҳии атроф имкон доштанд, ки аз кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ истифода баранд. Ин чорабинӣ дар доираи аксияе, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи башар аз 10 то 14-уми декабр дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода роҳандозӣ намудааст, сурат гирифт.
Дар ошёнаи дуюми шӯъбаи маъорифи шаҳри Турсунзода ҳуқуқшиносони касбӣ ба ҳамаи хоҳишмандон маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ пешниҳод намуда, варақаҳо (буклет) оид ба риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар рафти тафтишоти пешакӣ, то ҳукми суд ва пешгирии шиканҷаро тақсим намуданд.
Тавре ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон» Парвина Наврӯзова хабар дод, бахшида ба Ҳафтаи ҳуқуқи башар шаҳрвандон метавонанд шабонарӯзӣ бо телефонҳои боварии (+992 98) 882 37 97 дар шаҳри Душанбе ва (+992 98) 882 37 96 дар вилояти Суғд тамос гирифта, маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ гиранд. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки дар баробари баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, мақсади асосии аксия пешгирии баъзе ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар рафти тафтишоти пешакӣ мебошад. Аксия дар доираи татбиқи лоиҳа таҳти унвони «Мубориза бар зидди шиканча дар Точикистон» бо дастгирии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо доир шуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки аксияи маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ рӯзи 13-уми декабр дар шаҳри Қурғонтеппа (кӯч.Айнӣ 68 (назди мехмонхонаи Рамз) ва рӯзи 14-уми декабр дар шаҳри Душанбе (бо суроғаи кӯчаи Лоҳутӣ, хонаи 7/4, назди бозори Шохмансур) ташкил карда мешаванд.


