БҶ: Тоҷикистон кишвари бештар вобаста ба интиқоли маблағҳои пулӣ аст

Дар гузориши чанде қабл интишоршудаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират ва рушд гуфта мешавад, Тоҷикистон дар сафи 10 кишвари бештар вобаста ба интиқоли маблағҳои пулӣ дар ҷаҳон қарор дорад. Соли 2010 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони кории тоҷик 2,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 31%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст. Ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар гузориши чанде қабл интишоршудаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират ва рушд гуфта мешавад, Тоҷикистон дар сафи 10 кишвари бештар вобаста ба интиқоли маблағҳои пулӣ дар ҷаҳон қарор дорад. Соли 2010 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони кории тоҷик 2,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 31%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст.

Ба даҳгонаи кишварҳои «пешсаф» дар ин гузориш давлатҳои Лесото (25%-и ММД), Самоа (25%), Молдова (23%), Қирғизистон (21%), Непал (20%), Тонго (20%), Лубнон (20%), Косово (17%) ва Салвадор (16%) дохил шудаанд.

Бино ба пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта 351 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулӣ дар ҷаҳон бо шумули интиқоли маблағ ба кишварҳои дорои сатҳи баланди даромад 406 млрд. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.

Ба сафи кишварҳои пешсафе, ки маблағҳои пулии расман сабтшуда ворид мешаванд, Ҳиндустон (58 млрд. $), Ҷумҳурии Мардумии Чин (57 млрд. $), Мексика (24 млрд $) ва Филиппин (23 млрд. $) шомил мебошанд.

Ғайр аз ин, маблағҳои бузурги пулӣ ба Покистон, Бангладеш, Нигерия, Вйетнам, Миср ва Лубнон ворид мегарданд.

Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, минбаъд ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ афзуда, дар соли 2012 он ба андозаи 7,3%, соли 2013 – 7,9% ва соли 2014 ба миқдори 8,4% зиёд хоҳанд шуд.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.