Аксияи «Маслиҳати ройгони ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон

Рӯзи 12-уми декабр шаҳрвандони шаҳри Турсунзода ва навоҳии атроф имкон доштанд, ки аз кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ истифода баранд.  Ин чорабинӣ дар доираи аксияе, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи башар аз 10 то 14-уми декабр дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода роҳандозӣ намудааст, сурат гирифт. Дар ошёнаи дуюми шӯъбаи […]

Иброҳим Абдулхаев


Рӯзи 12-уми декабр шаҳрвандони шаҳри Турсунзода ва навоҳии атроф имкон доштанд, ки аз кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ истифода баранд.  Ин чорабинӣ дар доираи аксияе, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи башар аз 10 то 14-уми декабр дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода роҳандозӣ намудааст, сурат гирифт.

Дар ошёнаи дуюми шӯъбаи маъорифи шаҳри Турсунзода ҳуқуқшиносони касбӣ ба ҳамаи хоҳишмандон маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ пешниҳод намуда, варақаҳо (буклет) оид ба риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар рафти тафтишоти пешакӣ, то ҳукми суд ва пешгирии шиканҷаро тақсим намуданд.

Тавре ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон» Парвина Наврӯзова хабар дод, бахшида ба Ҳафтаи ҳуқуқи башар шаҳрвандон метавонанд шабонарӯзӣ бо телефонҳои боварии (+992 98) 882 37 97  дар шаҳри Душанбе ва (+992 98) 882 37 96 дар вилояти Суғд тамос гирифта, маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ гиранд. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки дар баробари баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, мақсади асосии аксия пешгирии баъзе ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар рафти тафтишоти пешакӣ мебошад. Аксия дар доираи татбиқи лоиҳа таҳти унвони «Мубориза бар зидди шиканча дар Точикистон» бо дастгирии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо доир  шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки аксияи маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ рӯзи 13-уми декабр дар шаҳри Қурғонтеппа (кӯч.Айнӣ 68 (назди мехмонхонаи Рамз) ва рӯзи 14-уми декабр дар шаҳри Душанбе (бо суроғаи кӯчаи Лоҳутӣ, хонаи 7/4, назди бозори Шохмансур) ташкил карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.