Вакилон ҷиҳати барқарорсозии ҳаракати қатораҳо ба Ӯзбекистон муроҷиат карданианд

spot_imgspot_img

Дата:


Ба рӯзномаи ҷаласаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, масъалаи қабули изҳорот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ворид карда шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, вакилони парлумон ҷиҳати ҳарчи зудтар аз таъмир баровардани пули роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанг, ки рӯзи 16-уми ноябр аз ҷониби «афроди номаълум» тарконида шуда буд, ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ муроҷиат карданианд.

Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябри соли равон дар қитъаи роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанг такягоҳҳои пули роҳи оҳан хароб гардида, дар натиҷа ҳаракати қатораҳо тавассути ин масир қатъ гардид.

Ин қитъаи роҳи оҳани кишвари ҳамсоя қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо нуқтаҳои берун аз қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.

Бино ба маълумоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»,

айни замон дар қитъаи роҳи оҳани мавзеи Ғалаба-Амузанги Ӯзбекистон ҳудуди 350 адад вагонҳои Тоҷикистон

, ки ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ раҳсипор буданд, мутаваққиф шудаанд. Ин вагонҳо дорои маводи сӯзишворӣ, орд, гандум ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия мебошанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...