Тревор Мур бо Маҳмадсаид Убайдуллоев хайрухуш кард

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бинобар сабаби анҷоми ваколатҳои дипломатӣ дар кишвари мо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Чарлз Тревор Мурро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни мушкилоти муҳоҷирати корӣ дар саросари ҷаҳон, нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои […]

Аваз Юлдошев


Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бинобар сабаби анҷоми ваколатҳои дипломатӣ дар кишвари мо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Чарлз Тревор Мурро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни мушкилоти муҳоҷирати корӣ дар саросари ҷаҳон, нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон дар аксари кишварҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

«Дипломати британӣ ба М.Убайдуллоев изҳор кард, ки баҳри иҷрои дархости ӯ, ки соли гузашта ҳангоми сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Лондон пешниҳод кардааст, ҳукумати Британияи Кабир ният дорад, аввали соли 2012 лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматӣ миёни кишварҳо дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва канорагирӣ аз андозбандии дукаратаро мавриди баррасӣ қарор диҳад», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, М.Убайдуллоев барои саҳм гузоштан дар рушду таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир ба Тревор Мур изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ орзу намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.