Болоравии мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон

Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 15,5 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 25% бештар аст. Тавре Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шурӯъ аз оғзи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 4,7 ҳазор ҷиноятҳои вазнин содир шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 1,6 […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 15,5 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 25% бештар аст.

Тавре Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шурӯъ аз оғзи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 4,7 ҳазор ҷиноятҳои вазнин содир шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 1,6 маротиба зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин ҳодисаҳои ришваситонӣ (1,9 баробар), ғоратгарӣ (40%), қаллобӣ (32%), дуздӣ (8,8%), авбошӣ (6,6%), куштори барқасдона (2,2%) низ тамоили болоравӣ касб кардаанд.

Дар муқоиса бо давраи моҳҳои январ-ноябри соли гузашта ҷиноятҳои марбут ба тайёр кардан, харидан, нигоҳдорӣ, интиқол ва истеъмоли маводи мухаддир ба андозаи 16,3% афзудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 3,4 ҳазор ҷиноятҳои иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар бештар аст.

Миёни минтақаҳои ҷумҳурӣ болоравии мизони ҷинояткорӣ бештар дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 37% баробар аст. Дар шаҳри Душанбе нишондиҳандаи болоравии мизони ҷинояткорӣ 32, ноҳияҳои тобеи марказ – 16, вилояти Хатлон – 14 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10%-ро ташкил додааст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.