Ширкати эронии Haffar Machine дар Тоҷикистон намояндагӣ боз карданист

Ширкати эронии Haffar Machine, ки техникаи сохтмону таъмири роҳ истеҳсол мекунад, дар Тоҷикистон намояндагӣ боз карданист. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ (ПСС ҶТ) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқоти мақомоти раҳбарии ширкати мазкур бо муовини раиси ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев чунин изҳори назар карда шудааст. Ба гуфтаи намояндагони ширкати Haffar Machine, дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Ширкати эронии Haffar Machine, ки техникаи сохтмону таъмири роҳ истеҳсол мекунад, дар Тоҷикистон намояндагӣ боз карданист.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ (ПСС ҶТ) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқоти мақомоти раҳбарии ширкати мазкур бо муовини раиси ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев чунин изҳори назар карда шудааст.

Ба гуфтаи намояндагони ширкати Haffar Machine, дар Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва нақби «Истиқлол» 25 навъи техникаи ин ширкат истифода шуда истодааст. «Намояндагони ширкат аз мақомоти раҳбарии палата дархост карданд, ки ба ифтитоҳи намояндагӣ дар ҷумҳурии мо мусоидат намоянд», – гуфтанд дар ПСС ҶТ.

А.Карамалиев ба меҳмонон итминон дод, ки ПСС ҶТ дар доираи салоҳияти худ ба расонидани кӯмак дар ифтитоҳи намояндагии ширкат дар Тоҷикистон омода аст. Ӯ ҳамчунин ба намояндагони ширкат тавсия дод, ки баҳри дастрасӣ ба маълумоти бештар муфассалтар бо мутахассисони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи давлатии амволи ҷумҳурӣ ва КВД «Тоҷикинвест» дидору гуфтушунид кунанд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.