Муроҷиати парлумони Тоҷикистон ба ҳамтоҳои ӯзбек

Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба унвони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиатнома қабул карданд . Дар муроҷиатнома зикр мегардад, ки айни замон ду вилояти Тоҷикистон дар муҳосира қарор доранд. «Дар давраи сардиҳои зимистон муддати ду моҳи ахир иқтисод, бахши кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва виилояти Хатлон […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба унвони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиатнома қабул карданд

.

Дар муроҷиатнома зикр мегардад, ки айни замон ду вилояти Тоҷикистон дар муҳосира қарор доранд.

«Дар давраи сардиҳои зимистон муддати ду моҳи ахир иқтисод, бахши кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва виилояти Хатлон амалан дар вазъи муҳосиравӣ қарор доранд, – оммадааст дар муроҷиатнома. — Муҳлати гузаронидани кишти тирамоҳӣ, сохтмони мактабу беморхонаҳо дар ин манотиқ ба таъхир гузошта шуда, вазъи воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва кӯмаки башардӯстона ба вилоятҳои мазкур нигаронкунанда аст».

Ғайр аз ин, қайд мегардад дар муроҷиатнома, бастани роҳи оҳан ба минтақаи ҷануби Тоҷикистон барои таъмини аҳолии минтақаи ҷануби Афғонистон ва расонидани бор ба нерӯҳои эътилофи НАТО дар кишвари ҳамсоя мушкил эҷод месозад. Ширкатҳое, ки дар ВМКБ ва вилояти Хатлон фаъолият доранд, ба хисорот дучор шуданд.

Дар муроҷиатнома аз анъанаҳои чандинасраи муносибатҳои дӯстиву осоиштагӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардуми тоҷику ӯзбек ёдоварӣ шуда, изҳори боварӣ карда мешавад, ки намояндагони парлумони кишвари ҳамсоя дар ҳалли мушкилоти марбут ба барқарор намудани ҳаракати қатораҳо ба Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, тибқи маълумоти пешакӣ, аз замони боздоштани ҳаракати қатораҳо дар Ӯзбекистон иқтисоди минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба маблағи миллионҳо сомонӣ хисорот бардошта, аҳолии минтақа низ ба мушкилиҳо мувоҷеҳ мегардад. Айни замон дар роҳи оҳани самти вилояти Хатлон дар қаламрави Ӯзбекистон ҳаракати 320 адад вагонҳои Тоҷикистон боздошта шудааст, ки дар онҳо 24 ҳазор тонна бору маҳсулоти гуногун мавҷуд аст.

Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябри соли равон дар қитъаи роҳи оҳани мавзеи Ғалаба-Амузанги Ӯзбекистон такягоҳҳои пули роҳи оҳан хароб гардида, дар натиҷа ҳаракати қатораҳо тавассути ин масир қатъ гардид.

Ин қитъаи роҳи оҳани кишвари ҳамсоя қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо нуқтаҳои берун аз қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.