Ҳомиёни ҳуқуқ: Раъйпурсӣ оид ба бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон зарур нест

spot_imgspot_img

Дата:


Зимни як вохӯрӣ дар мавзӯи «Аз моратория ба бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо», ки рӯзи 16-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, чунин изҳори назар карда шуд, ки баргузор кардани раъйпурсии умумихалқӣ дар Тоҷикистон дар мавриди бекор кардани ҳукми қатл мувофиқи мақсад нест.

Аз ҷумла мушовири фонди ҷамъиятии «Нота Бене» Сергей Романов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки оид ба ин масъала фонд миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корпуси судӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ як назарсанҷӣ доир сохтааст. «Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки 62 дарсади пурсидашудагон ба ҷонибдории бекор сохтани ҳукми қатл, 31 дарсад ба ҷонибдории боқӣ мондани ин нгавъи ҷазо изҳори назар карда, 7 дарсади боқимонда мавқеи худро муайн карда натавонистанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Зариф Ализода, моҳи апрели соли 2010 дар Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши ҷанбаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии бекор сохтани ҳукми қатл дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ соли 2012 то аввали соли 2013 фаъолият намуда, сипас пешниҳодоти худро ба президенти ҷумҳурӣ пешкаш мекунад.

Ализода ҳамчунин хотиррасон намуд, ки моҳи июни соли 2004 Қонуни ҶТ «Дар бораи боздошти истифодаи ҳукми қатл» ба тасвиб расид. Минбаъд ҳамчун алтернатива ба ҳукми қатл ба Кодекси ҷиноии ҶТ ҷазо дар шакли ҳабси абад ворид карда шуд.

Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ташаббус ва маблағгузории созмони Ислоҳоти байнулмилалии зиндонҳо (PRI), Институти Ҷомеаи кушода – Фонди мусоидати Тоҷикистон ва ҳукумати Швейтсария созмон дода шуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...