Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблаги ҳудуди 1,5 млрд. $

Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 6,7 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1,4 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 5,5% афзуд. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ – […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 6,7 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1,4 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 5,5% афзуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ – 12,8%, саноати коркард – 67,3% ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об – 19,9%-ро ташкил дод.

Дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар ин давра ба маблағи зиёда аз 2,6 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 18,3% бештар аст.

Дар корхонаҳои коркарди нахи пахта ҳаҷми кор дар ин давра беш аз 956 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2010 ба андозаи 13% зиёдтар аст.

Дар корхонаҳое, ки тобеи Вазорати энергетика ва саноат нестанд, дар ин давра ба маблағи ҳудуди 1,2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 11,7% бештар аст.

Зимнан зикр гардид, ки аз 83 номгӯйи муҳими маҳсулоти тавлидӣ дар моҳҳои январ-ноябр ҳаҷми истеҳсоли 51 номгӯйи маҳсулот (61,5%) афзуда, дар 29 номгӯй (34,9%) ҳаҷми истеҳсол коҳиш ёфтааст ва 3 номгӯйи маҳсулот (3,6%) истеҳсол нагардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.