Янукович Эмомалӣ Раҳмонро ба бозии финалии Ҷоми Аврупо-2012 даъват кард

Президенти Украина Виктор Янукович сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба бозии финалии Ҷоми Аврупо-2012 оид ба футбол, ки дар варзишгоҳи Маҷмааи миллии варзишии «Олимпийский» дар пойтахти Украина – шаҳри Киев доир мегардад, даъват намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Украина, дар чаҳорчӯби сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Украина сарони кишварҳои Украинаву Тоҷикистон аз […]

Ҳайдар Шодиев


Президенти Украина Виктор Янукович сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба бозии финалии Ҷоми Аврупо-2012 оид ба футбол, ки дар варзишгоҳи Маҷмааи миллии варзишии «Олимпийский» дар пойтахти Украина – шаҳри Киев доир мегардад, даъват намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Украина, дар чаҳорчӯби сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Украина сарони кишварҳои Украинаву Тоҷикистон аз варзишгоҳи таҷдидёфтаи «Олимпийский» боздид кардаанд.

Дар иттилоъ зикр мегардад, ки Янукович ҳамчунин ба Эмомалӣ Раҳмон тӯби футбол бо тасвири варзишгоҳи «Олимпийский»-ро низ тақдим намудааст.

Ёдрас мекунем, ки мусобиқоти Ҷоми Аврупо-2012 оид ба футбол дар Украинаву Лаҳистон баргузор мешавад. Мусобиқот 8-уми июн бо вохӯрии нахустин дар пойтахти Лаҳистон – шаҳри Варшава оғоз гардида, бозии ниҳоӣ рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Киев доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.