Шарифов: Мавқеи ман дар парлумон ояндаи наздик аён хоҳад шуд

Date:


Пас аз соҳиб шудан ба ваколати намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар ман кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ба ҷараёни таҳияи қонунҳо ворид гардам, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, вакили тозаинтихоби парлумон Сӯҳроб Шарифов.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳамчун вакил ба фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар парлумон шомил мегардад. «Мавқеи ман нисбат ба қарорҳое, ки дар мақомоти қонунгузории кишвар қабул мегарданд, дар ҷараёни ду-се ҷаласаи палатаи поёнии парлумон муайян хоҳад шуд», – гуфт вай.

«Сарфи назар аз мавқеъ, ман ба ҳамаи интихобкунандагони ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур №3, ки дар интихобот фаъолона ширкат варзиданд, изҳори миннатдорӣ менамоям ва кӯшиш мекунам, ки ба боварии онҳо сазовор бошам», – зикр кард вакили тозаинтихоб.

Ғайр аз ин, барои зоҳир сохтани фарҳанги сиёсӣ ва риояи рақобати боадолати сиёсӣ ӯ ба ҳарифони худ низ миннатдорӣ изҳор кард.

Аз рӯйи натоиҷи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 номзади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов пирӯз гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....