Шарифов: Мавқеи ман дар парлумон ояндаи наздик аён хоҳад шуд

Пас аз соҳиб шудан ба ваколати намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар ман кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ба ҷараёни таҳияи қонунҳо ворид гардам, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, вакили тозаинтихоби парлумон Сӯҳроб Шарифов. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳамчун […]

Аваз Юлдошев


Пас аз соҳиб шудан ба ваколати намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар ман кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ба ҷараёни таҳияи қонунҳо ворид гардам, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, вакили тозаинтихоби парлумон Сӯҳроб Шарифов.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳамчун вакил ба фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар парлумон шомил мегардад. «Мавқеи ман нисбат ба қарорҳое, ки дар мақомоти қонунгузории кишвар қабул мегарданд, дар ҷараёни ду-се ҷаласаи палатаи поёнии парлумон муайян хоҳад шуд», – гуфт вай.

«Сарфи назар аз мавқеъ, ман ба ҳамаи интихобкунандагони ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур №3, ки дар интихобот фаъолона ширкат варзиданд, изҳори миннатдорӣ менамоям ва кӯшиш мекунам, ки ба боварии онҳо сазовор бошам», – зикр кард вакили тозаинтихоб.

Ғайр аз ин, барои зоҳир сохтани фарҳанги сиёсӣ ва риояи рақобати боадолати сиёсӣ ӯ ба ҳарифони худ низ миннатдорӣ изҳор кард.

Аз рӯйи натоиҷи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 номзади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов пирӯз гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.