Кӯлоб: Ҳалокати ду нафар бар асари истеъмоли зиёди маводи мухаддир

Рӯзи истироҳати гузашта дар шаҳри Кӯлоб маросими ба хок супурдани ду сокини шаҳр баргузор шуд, ки бар асари аз меъёр зиёд истеъмол кардани маводи мухаддир фавтиданд. Маълум шуд, ки ду тан аз истеъмолгарони маводи мухаддир тавассути сӯзандору дар як манзили хусусӣ ба анҷом додани корҳои сохтмонии дохили хона фармоиш гирифтаанд. Бо соҳибманзил мӯҳлати анҷоми корҳоро […]

Турко Дикаев


Рӯзи истироҳати гузашта дар шаҳри Кӯлоб маросими ба хок супурдани ду сокини шаҳр баргузор шуд, ки бар асари аз меъёр зиёд истеъмол кардани маводи мухаддир фавтиданд.

Маълум шуд, ки ду тан аз истеъмолгарони маводи мухаддир тавассути сӯзандору дар як манзили хусусӣ ба анҷом додани корҳои сохтмонии дохили хона фармоиш гирифтаанд. Бо соҳибманзил мӯҳлати анҷоми корҳоро муайян карда, шабро дар ҳамон манзил рӯз мекардаанд.

Ҳангоме ки субҳгоҳон соҳибманзил масолеҳи зарурии сохтмониро меорад, як коргар аллакай ҳалок шуда будааст. Ҳарчанд дуввумиро саривақт ба беморхона оварда бошанд ҳам, ба табибон муяссар нашудааст, ки ӯро наҷот диҳанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, ҳар сол дар шаҳр аз 2 то 4 ҳодисаҳои марг бар асари аз меъёр зиёд истеъмол намудани маводи мухаддир ба қайд гирифта мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.