Гирдиҳамойӣ дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Нимаи дуюми имрӯз дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба хотири дастгирии мусулмонон гирдиҳамойӣ баргузор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» созмондеҳи гирдиҳамойӣ, роҳбари Ҷамъияти муҳоҷирони сиёсии Осиёи Марказӣ дар Русия Баҳром Ҳамроев хабар дод, мақомоти шаҳрдории Маскав ба баргузории гирдиҳамойӣ иҷозат додааст. Ба гуфтаи Ҳамроев, сабаби баргузор намудани гирдиҳамойӣ мухолифат миёни Шӯрои уламои […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми имрӯз дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба хотири дастгирии мусулмонон гирдиҳамойӣ баргузор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» созмондеҳи гирдиҳамойӣ, роҳбари Ҷамъияти муҳоҷирони сиёсии Осиёи Марказӣ дар Русия Баҳром Ҳамроев хабар дод, мақомоти шаҳрдории Маскав ба баргузории гирдиҳамойӣ иҷозат додааст.

Ба гуфтаи Ҳамроев, сабаби баргузор намудани гирдиҳамойӣ мухолифат миёни Шӯрои уламои Тоҷикистон ва оилаи рӯҳониёни маъруф Тӯраҷонзодаҳо аст, ки онҳоро дар доир кардани маросими мазҳаби шиаи «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» гунаҳкор карданд.

Рӯзи 9-уми декабр намозгузорони масҷиди «Муҳаммадия» бо изҳори норизойӣ раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзодаро маҷбур сохтанд, ки масҷидро тарк созад. Ӯ ба намози ҷумъа ба ин масҷид барои шиносоии ибодаткунандагон бо изҳороти Шӯрои уламо омада буд.

Тавре Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода хабар дод, пас аз намоз барои риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ 10 нафар боздошт гардида, ба муддати 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд ва чанд нафари дигар ҷаримабандӣ шудаанд. Фаъолияти масҷид бошад, маҳдуд гардида, ба он имомхатиби нав таъин карда шуд.

Ба қавли Баҳром Ҳамроев, мақомоти шаҳрдории Маскав танҳо ба 40 нафар иҷозати иштирок дар гирдиҳамойиро додааст. «Ба мо аз бисёр созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ занг зада, хоҳиши иштирок дар гирдиҳамойиро изҳор намуданд, вале мо ба шумори маҳдуди иштирокчиён иҷозат дорем. Хоҳишмандони иштирок дар гирдиҳамойӣ бошад, хеле зиёд аст.», – гуфт Ҳамроев.

Маълумоти муфассал дар ин хусусро метавонед дар сомонаи www.islamnews.tj. мутолиа намоед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.