Туркия узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдоро дастгирӣ кард

Дар Женева дар чаҳорчӯби кори ҷаласаи 8-уми вазирони иқтисод ва тиҷорати Созмони Умумиҷаҳонии Савдо маросими имзои Протоколи мувофиқати дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар бораи ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти ВАзорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода […]

ASIA-Plus


Дар Женева дар чаҳорчӯби кори ҷаласаи 8-уми вазирони иқтисод ва тиҷорати Созмони Умумиҷаҳонии Савдо маросими имзои Протоколи мувофиқати дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар бораи ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти ВАзорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева Насриддинов Салоҳиддин ва аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия Сафири Фавқулода ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Туркия дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Бозкурт Аран имзо карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони кишварҳои дигари узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо музокирот мегузаронанд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик боз бо чанд кишвари дигар дар масъалаи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони мазкур мувофиқат шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.