Таъсиси Шӯрои собиқадорон дар Агентии назорати маводи нашъаовар

spot_imgspot_img

Дата:


Мулоқоти собиқадорон ва кормандони масъули Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 15 декабри соли равон дар Дастгоҳи марказии Агентӣ доир гардид,  бо пешниҳоди ташкили Шӯрои собиқадорон ба анҷом расид.

 Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, дар мулоқот баромадкунандагон аз фаъолияти пурсамари 12 солаи Агентӣ ёдовар шуданд. Дар ин муддати на чандон тӯлонӣ дар самти ташкили мубориза бо муомилоти маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ, таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, корҳои ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Дар ташкил ва баргузории ин корҳо дар баробари кормандон, инчунин саҳми собиқадорон хеле зиёд буда, ба маънии дигар онҳо поягузорони Агентӣ ба ҳисоб мераванд.

Аксарияти иштирокчиёни ин ҷамъомадро собиқадорони Агентӣ ташкил доданд. Мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Агентӣ имрӯз шумораи кормандони дар Дастгоҳи марказӣ ва Раёсатҳои вилоятӣ ба нафақа баромада 92 нафарро ташкил медиҳад. Бештари онҳо шахсоне ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат, дар мушкилтарин солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири дифоъ аз якпорчагӣ ва тамомияти арзии кишвар, таъмини волоияти қонун, амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ хизматҳои шоиста анҷом дода, дар фаъолияти пурсамари хеш соҳиби таҷрибаи бойи зиндагӣ ва хизматӣ, донишу малакаи мукаммал ва маҳорати баланди касбӣ гардидаанд. Собиқадорон имконият доранд таҷриба, дониш ва маҳорати касбии худро ба кормандони ҷавони Агентӣ омӯзонанд.

Бо ҳамин мақсад иштирокчиёни маҷлис пешниҳод намуданд, ки дар баробари дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Агентӣ Шӯрои собиқадорон таъсис дода шавад.

Иштирокчиёни ҷаласа қарор қабул карданд, ки Шӯрои собиқадорони Агентӣ ва Раёсати он дар ҳайати 9 нафар таъсис дода шавад. Лоиҳаҳои Ойинномаи Шӯро ва нақшаи кории он  барои нимсолаи аввали соли 2012 таҳия карда шуда, барои муҳокима ва тасдиқ ба Раёсати Шӯро пешниҳод гардиданд.

Дар поёни вохӯрӣ собиқадорон ба роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати ғамхориҳои ҳамешагӣ ва мусоидат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...