Таъсиси Шӯрои собиқадорон дар Агентии назорати маводи нашъаовар

Мулоқоти собиқадорон ва кормандони масъули Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 15 декабри соли равон дар Дастгоҳи марказии Агентӣ доир гардид,  бо пешниҳоди ташкили Шӯрои собиқадорон ба анҷом расид.  Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, дар мулоқот баромадкунандагон аз фаъолияти пурсамари 12 солаи Агентӣ ёдовар шуданд. Дар […]

ASIA-Plus


Мулоқоти собиқадорон ва кормандони масъули Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 15 декабри соли равон дар Дастгоҳи марказии Агентӣ доир гардид,  бо пешниҳоди ташкили Шӯрои собиқадорон ба анҷом расид.

 Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, дар мулоқот баромадкунандагон аз фаъолияти пурсамари 12 солаи Агентӣ ёдовар шуданд. Дар ин муддати на чандон тӯлонӣ дар самти ташкили мубориза бо муомилоти маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ, таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, корҳои ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Дар ташкил ва баргузории ин корҳо дар баробари кормандон, инчунин саҳми собиқадорон хеле зиёд буда, ба маънии дигар онҳо поягузорони Агентӣ ба ҳисоб мераванд.

Аксарияти иштирокчиёни ин ҷамъомадро собиқадорони Агентӣ ташкил доданд. Мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Агентӣ имрӯз шумораи кормандони дар Дастгоҳи марказӣ ва Раёсатҳои вилоятӣ ба нафақа баромада 92 нафарро ташкил медиҳад. Бештари онҳо шахсоне ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат, дар мушкилтарин солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири дифоъ аз якпорчагӣ ва тамомияти арзии кишвар, таъмини волоияти қонун, амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ хизматҳои шоиста анҷом дода, дар фаъолияти пурсамари хеш соҳиби таҷрибаи бойи зиндагӣ ва хизматӣ, донишу малакаи мукаммал ва маҳорати баланди касбӣ гардидаанд. Собиқадорон имконият доранд таҷриба, дониш ва маҳорати касбии худро ба кормандони ҷавони Агентӣ омӯзонанд.

Бо ҳамин мақсад иштирокчиёни маҷлис пешниҳод намуданд, ки дар баробари дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Агентӣ Шӯрои собиқадорон таъсис дода шавад.

Иштирокчиёни ҷаласа қарор қабул карданд, ки Шӯрои собиқадорони Агентӣ ва Раёсати он дар ҳайати 9 нафар таъсис дода шавад. Лоиҳаҳои Ойинномаи Шӯро ва нақшаи кории он  барои нимсолаи аввали соли 2012 таҳия карда шуда, барои муҳокима ва тасдиқ ба Раёсати Шӯро пешниҳод гардиданд.

Дар поёни вохӯрӣ собиқадорон ба роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати ғамхориҳои ҳамешагӣ ва мусоидат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.