Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Маскав иштирок намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ҷаласаи мазкур ба 20-умин солгарди таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуд.
Ҷаласаро ба ҳайси роҳбари кишвари раис дар ин созмон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуд.
Тавре зикр гардид, минбаъд раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон мегузарад.
Сарони давлатҳо зарурати рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва густариши ҳамкориро дар доираи он таъкид намуданд.
Ҳамчунин президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок намуд. Дар назди толори Ордени Екатеринаи муқаддас сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзои созмонро Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медеведев истиқбол гирифт.
Тавре маълум шуд, дар ҷаласа беш аз 30 масъалаи ҳамкории амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои аъзои созмон баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи хосаи сарони давлатҳо зарурати бешубҳаи таъмини дастаҷамъонаи амният дар қаламрави СААД, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, таҳкими минбаъдаи Нерўҳои муштараки зудамали созмон бо техника ва аслиҳаи муосири ҳарбӣ, мусоидат ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси сохторҳои низомию амниятии кишварҳои аъзо ва таъсиси додани Кумитаи ҳарбии созмонро дастгирӣ намуд.
Натиҷаи асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои СААД ин аст, ки минбаъд кишварҳои аъзои он танҳо бо розигии ҳамаи давлатҳои ин созмон метавонанд, пойгоҳи низомии давлатҳои дигарро дар ҳудуди худ ҷойгир кунанд.
Дар ҳошияи сафар ба Маскав Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев мулоқот намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон бори дигар Алмазбек Атамбаевро бо интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Қирғизистон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ҷонибдори устувори рушди сулҳомезу босуботи Қирғизистони ҳамсоя мебошад».
Зимни суҳбати пурмуҳтаво доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва ҳамгироии минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Қирғизистон сарони ду давлат ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории судманд, таҳкими дўстӣ ва ҳамсоягии наку таъкид доштанд.
Зикр гардид, ки кори Шӯрои байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, Комиссияи муайянсозии хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти корӣ ҷоннок карда шавад.
Ҳавасмандии ду ҷониб ба идомаи ҳамкорӣ доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ, аз қабили сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи КАСА – 1000, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Покистону Эрон таъкид гардид.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин оид ба масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ, аз ҷумла авзои кунунии Афғонистон ва доир ба дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.



