Сабти 18 субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 18 корхонаҳо ҳамчун субъекти минтақа ба қайд гирифта шуда, соли ҷорӣ фаъолияти он пурра ба худмаблағгузорӣ гузашт ва аз ҳисоби субъектҳои минтақа ба буҷети маъмурият зиёда аз 100  ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Он имконият дод, ки маоши кормандон зиёд гардад.  Тавре аз хадамот матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, […]

ASIA-Plus


Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 18 корхонаҳо ҳамчун субъекти минтақа ба қайд гирифта шуда, соли ҷорӣ фаъолияти он пурра ба худмаблағгузорӣ гузашт ва аз ҳисоби субъектҳои минтақа ба буҷети маъмурият зиёда аз 100  ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Он имконият дод, ки маоши кормандон зиёд гардад. 

Тавре аз хадамот матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҳоло якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла роҷеъ ба истеҳсоли дорувориҳо барои чорво, рушди саноати бофандагӣ, истеҳсоли мебелҳо, истеҳсоли плитаҳои мармарӣ дар ҳолати баррасӣ қарор дорад.

Зикр гардид, ки дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ  5 Ёддошти тафоҳум бо Донишкадаи давлатии вилояти Ивановск, ширкати сохтмону саноати Забойкалски шаҳри Читаи Федератсияи Россия, бо як ширкати Ҷумҳурии Халқии Чин, ВСО–и Тоҷикистон ва Фонди ОКА –и Федератсияи Россия  баста шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.