Ахири ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафари муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифов ба шаҳри Боку миёни ҲХДТ ва ҳизби ҳокими Озарбойҷон «Ени Озарбойҷон» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи ҲХДТ Ҷӯрахон Бӯриев хабар дод, аз ҷониби Озарбойҷон зери Ёддошт котиби иҷрокунандаи ҳизби «Ени Озарбойҷон», вакили Миллӣ Маҷлис Алӣ Аҳмедов имзо гузоштааст.
«Зимни мулоқот намояндагони аҳзоб рушду таҳкими робитаҳо ва ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Озарбойҷонро таъкид кардаанд», – гуфт ӯ.


