Маблағгузории «Агроинвестбонк» ва БТРА ба бунёди фермаи чорводорӣ дар Ховалинг

ҶСК «Агроинвестбонк» дар ҳамдастӣ бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо (БТРА) яке аз лоиҳаҳо оид ба бунёди фермаи чорвопарварӣ бо тамоили бештари истеҳсоли шир ва боғи себ дар ноҳияи Ховалингро маблағгузорӣ мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири дафтари асосии ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, дар ноҳияи Ховалинг як корхонаи бузурги истеҳсоли маҳсулоти […]

Турко Дикаев


ҶСК «Агроинвестбонк» дар ҳамдастӣ бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо (БТРА) яке аз лоиҳаҳо оид ба бунёди фермаи чорвопарварӣ бо тамоили бештари истеҳсоли шир ва боғи себ дар ноҳияи Ховалингро маблағгузорӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири дафтари асосии ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, дар ноҳияи Ховалинг як корхонаи бузурги истеҳсоли маҳсулоти ширӣ бунёд ёфта, тавассути бордоркунии сунъӣ говҳои рекордсмен парвариш хоҳанд ёфт, ки дар як сол то 8 ҳазор литр шир хоҳанд дод.

«Айни замон интихоби чорво идома дошта, маводи бордоркунӣ мустақиман аз Фаронса оварда мешавад ва интизорӣ меравад, ки вазни насли тавлидёфта аз ин чорво на камтар аз 45 кило хоҳад буд, ки дар ин минтақа то ҳол ба ин мувафақ нашудаанд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ҳукумати ноҳияи Ховалинг барои бунёди боғи себ 26 гектар замин ҷудо карда, ниҳолҳои арзиши ҳар кадоме 9 Евро низ аз Фаронса дастрас мешаванд.

«Ин хароҷот базудӣ рӯйпӯш хоҳад шуд, зеро навъи себе, ки дар ноҳияи мазкур парвариш карданианд, пас аз якуним сол аллакай ба ҳосил даромада, дар соли аввал ҳосилнокиашон на камтар аз 3-4 тонна аз як гектар хоҳад буд», – афзуд С.Қадамов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.