Суди Ваҳдат бародарон Тӯраҷонзодаҳоро ҷарима баст

Бо қарори суди шаҳри Ваҳдат рӯҳониёни маъруф бародарон Тӯраҷонзодаҳо барои майдаавбошӣ ҷарима баста шуданд. Маблағи ҷарима барои ҳар кадоме 35- сомониро ташкил медиҳад. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор кард, ки ӯву бародараш аз болои қарори суд даъво карданӣ нестанд, зеро «мӯътақиданд, ки ин қарор таҳти фишори сохторҳои муайяни давлатӣ қабул […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори суди шаҳри Ваҳдат рӯҳониёни маъруф бародарон Тӯраҷонзодаҳо барои майдаавбошӣ ҷарима баста шуданд. Маблағи ҷарима барои ҳар кадоме 35- сомониро ташкил медиҳад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор кард, ки ӯву бародараш аз болои қарори суд даъво карданӣ нестанд, зеро «мӯътақиданд, ки ин қарор таҳти фишори сохторҳои муайяни давлатӣ қабул карда шудааст».

Прокуратураи шаҳри Ваҳдат дар таърихи 22-юми декабр истеҳсолоти бозшуда дар бораи қонуншикании маъмурӣ барои майдаавбошӣ нисбат ба бародарон Тӯраҷонзодаҳоро ба суд дод.

Ба гуфтаи прокурори шаҳри Ваҳдат Қурбоналӣ Муҳаббатов, Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзода рӯзи 9-уми декабр дар масҷиди «Муҳаммадия» дар ҳузури ибодаткунандагони зиёде нисбат ба раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар шахсони расмӣ носазогӯиро раво дидаанд, ки ба ин амали онҳо мутобиқи моддаи 460-и Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Майдаавбошӣ) масъулият пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳамон рӯз ҷиҳати шиносоии ибодаткунандагон бо изҳороти Шӯро уламо раиси Шӯро Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Кумитаи умури дин Абдураҳим Холиқов ва раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба масҷиди Муҳаммадия омада буданд.Суханронии муфтиро ибодаткунандагон бо нидоҳои норозигӣ пешвоз гирифта, ба ӯ имкон надоданд, ки суханашро ба итмом расонад ва шахсони расмӣ маҷбур шуданд, ки масҷидро тарк созанд.

Рӯзи дигар дар асоси шикояти раиси Шӯрои уламо, раиси Кумитаи умури дин ва раиси шаҳри Ваҳдат ба мақомоти прокуратура нӯҳ нафар ибодаткунандагон ба муддати 10 рӯз ҳабси маъмурӣ шуда, боз чанд нафари дигар ҷаримабандӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки ин мухолифат пас аз изҳороти Шӯрои уламо, ки дар он оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба гузаронидани маросими мотами «Ошӯро»-и мазҳаби шиа гунаҳкор карда мешуданд, рӯйи кор омад.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламоро ба таҳқиру туҳмат муттаҳам карда, аз болои ӯ ба суд шикоят бурд. Даъвои Тӯраҷонзода дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қабул карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.