Маблағгузории «Агроинвестбонк» ва БТРА ба бунёди фермаи чорводорӣ дар Ховалинг

Date:


ҶСК «Агроинвестбонк» дар ҳамдастӣ бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо (БТРА) яке аз лоиҳаҳо оид ба бунёди фермаи чорвопарварӣ бо тамоили бештари истеҳсоли шир ва боғи себ дар ноҳияи Ховалингро маблағгузорӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири дафтари асосии ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, дар ноҳияи Ховалинг як корхонаи бузурги истеҳсоли маҳсулоти ширӣ бунёд ёфта, тавассути бордоркунии сунъӣ говҳои рекордсмен парвариш хоҳанд ёфт, ки дар як сол то 8 ҳазор литр шир хоҳанд дод.

«Айни замон интихоби чорво идома дошта, маводи бордоркунӣ мустақиман аз Фаронса оварда мешавад ва интизорӣ меравад, ки вазни насли тавлидёфта аз ин чорво на камтар аз 45 кило хоҳад буд, ки дар ин минтақа то ҳол ба ин мувафақ нашудаанд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ҳукумати ноҳияи Ховалинг барои бунёди боғи себ 26 гектар замин ҷудо карда, ниҳолҳои арзиши ҳар кадоме 9 Евро низ аз Фаронса дастрас мешаванд.

«Ин хароҷот базудӣ рӯйпӯш хоҳад шуд, зеро навъи себе, ки дар ноҳияи мазкур парвариш карданианд, пас аз якуним сол аллакай ба ҳосил даромада, дар соли аввал ҳосилнокиашон на камтар аз 3-4 тонна аз як гектар хоҳад буд», – афзуд С.Қадамов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...