Суғд: Ҳалокати ду нафар дар як шабонарӯз бар асари садама

Date:


Дар вилояти Суғд шабонарӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиёт ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷамоати Коммунизми шаҳри Истаравшан ронандаи комбайни ғалладаравии навъи СК-5М-1 Нурулло Қаршибоев аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини 23-солаи деҳаи Лакат Т.Х.-ро зер мекунад, ки дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои бардоштаи ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиёти дигар дар қаламрави шаҳри Қайроққум рух дода, дар он сокини 18-солаи ҳамин шаҳр С.В. бо мошини тамғаи «Опел-Астра» бо суръати баланд аз роҳ ба берун мебарояд. «Дар натиҷа автомашина чаппа гашта, ронанда дар ҷойи садама фавтид», – афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...