Суғд: Ҳалокати ду нафар дар як шабонарӯз бар асари садама

Дар вилояти Суғд шабонарӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиёт ду нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷамоати Коммунизми шаҳри Истаравшан ронандаи комбайни ғалладаравии навъи СК-5М-1 Нурулло Қаршибоев аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини 23-солаи деҳаи Лакат Т.Х.-ро зер мекунад, ки дар натиҷа зан […]

Аваз Юлдошев


Дар вилояти Суғд шабонарӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиёт ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷамоати Коммунизми шаҳри Истаравшан ронандаи комбайни ғалладаравии навъи СК-5М-1 Нурулло Қаршибоев аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини 23-солаи деҳаи Лакат Т.Х.-ро зер мекунад, ки дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои бардоштаи ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиёти дигар дар қаламрави шаҳри Қайроққум рух дода, дар он сокини 18-солаи ҳамин шаҳр С.В. бо мошини тамғаи «Опел-Астра» бо суръати баланд аз роҳ ба берун мебарояд. «Дар натиҷа автомашина чаппа гашта, ронанда дар ҷойи садама фавтид», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.