Дар Новосибирск манзили муҳоҷири тоҷикро оташ заданд

Шаби 20 ба 21-уми декабри соли равон, тақрибан соати 2 дар ҳудуди деҳаи котеҷии Морскойи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск ду шахси номаълум хоначаи чӯбинеро оташ заданд, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхайров Аскарҷон Раҳимҷоновичи 29-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд иқомат мекард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар […]

Аваз Юлдошев


Шаби 20 ба 21-уми декабри соли равон, тақрибан соати 2 дар ҳудуди деҳаи котеҷии Морскойи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск ду шахси номаълум хоначаи чӯбинеро оташ заданд, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхайров Аскарҷон Раҳимҷоновичи 29-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд иқомат мекард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар доданд, дар натиҷаи сӯхтори сарзада шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид.

«Оид ба ин ҳодиса дар прокуратураи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аз шумораи истиқоматкунандагони маҳаллӣ ду нафар гумонбаршудагон боздошт шуданд», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии ҶТ, чанде қабл ҷасади А.Абдулхайров ба ватан оварда шуда, дар деҳаи Сорои ноҳияи Панҷакент ба хок супурда шуд. Дар вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки Абдулхайров ба муҳоҷирати корӣ 7-уми декабри ҳамин сол рафтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.