Пешниҳоди кушодани филиали Донишгоҳи «Лимкоквинг» дар Тоҷикистон

Аз 22 то 24 декабри соли 2011 ташрифи профессор Лим Кок Винг, Президенти Донишгоҳи «Лимкоквинг»-и Малайзия ба Душанбе баргузор гардид. Тибқи барномаи сафари худ, профессор Лим Кок Винг бо Муовини Сарвазир Руқия Қурбонова, Муовини Вазири корҳои хориҷӣ, Вазири маориф ва бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ анҷом дод. Тавре аз департаменти иттилооти […]

ASIA-Plus


Аз 22 то 24 декабри соли 2011 ташрифи профессор Лим Кок Винг, Президенти Донишгоҳи «Лимкоквинг»-и Малайзия ба Душанбе баргузор гардид. Тибқи барномаи сафари худ, профессор Лим Кок Винг бо Муовини Сарвазир Руқия Қурбонова, Муовини Вазири корҳои хориҷӣ, Вазири маориф ва бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ анҷом дод.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқотҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст, хусусан дар соҳаи маориф имкони кушодани филиали Донишгоҳи «Лимкоквинг» дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдрас мекунем, ки Донишгоҳи «Лимкоквинг» (Limkokwing)-и Малайзия – Донишгоҳи Технологияҳои Креативӣ донишгоҳи байнулмилалиест, ки дар шаҳри Куала-Лумпур воқеъ аст. Дар он зиёда аз 6500 нафар донишҷӯён аз 90 кишвари дунё – Осиё, Африқову Аврупо (Малайзия, Ҳиндустон, Чин, Сингапур, Камбоҷа, Ботсвана, Британияи Кабир) таҳсили илм мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...