Швейтсария ба беҳбуди низоми обтаъминкунии 7 шаҳри Тоҷикистон кумак мекунад

Ахири ҳафтаи гузашта миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Швейтсария оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳбуди низоми обтаъминкунии шаҳрҳои минтақаи шимол ва шаҳри Хоруғ» созишномаи бурсӣ ба тасвиб расид. Санади мазкур аз ҷониби вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Питер Микула ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари […]

Пайрав Чоршанбиев


Ахири ҳафтаи гузашта миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Швейтсария оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳбуди низоми обтаъминкунии шаҳрҳои минтақаи шимол ва шаҳри Хоруғ» созишномаи бурсӣ ба тасвиб расид.

Санади мазкур аз ҷониби вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Питер Микула ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, саҳми Швейтсария дар татбиқи ин лоиҳа 12,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба амалисозии лоиҳаи мазкур ҳамчунин Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА қарз пешниҳод месозад.

«Бо такя ба ҳамкории пурсамар ва шарикии судманд дар доираи амалисозии беҳбуди низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, ки аз соли 2004 шурӯъ гардид, Бонки таҷдиду рушди Аврупо ба ҳукумати Швейтсария пешниҳод кард, ки ба маблағгузорӣ ба ин лоиҳа ва лоиҳаҳои дигар оид ба 6 шаҳри дигари минтақаи шимоли Тоҷикистон – Қайроққум, Конибодом, Исфара, Ғафуров, Табошар, Чкаловск ва ҳамчунин маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ҳамроҳ шавад», – гуфт манбаъ.

Вазири молияи Тоҷикистон ба дастгирии ҳукумати Швейтсария баҳои баланд дода, изҳор кард, ки лоиҳаи мазкур ба беҳбуди дастрасии аҳолӣ ба оби тоза ва ҳамчунин коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат хоҳад кард.

«Гузашта аз ин, лоиҳаи мазкур ҷавобгӯйи афзалиятҳои миллии мо буда, бо кумаки созмонҳои байнулмилалии мададрасон, аз ҷумла ҳукумати Швейтсария мо дар ин ҷода ба пешравиҳо ноил хоҳем гашт», – афзуд вазир.

Питер Микула дар навбати худ зикр кард, ки дар доираи стратегияи ҳамкорӣ барои солҳои 2012-2015 бо Тоҷикистон бахши обу обтаъминкунӣ яке аз самтҳои калидии ҳамкорӣ муайян шудааст ва «Швейтсария минбаъд низ шарики боэътимод дар амалисозии ислоҳот дар бахши обрасониву обтаъминкунӣ хоҳад буд».


Акс аз superstroika.at.ua

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...