Мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати ҶТ бо роҳбари намояндагии ТБМ

Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. А. Девонаев бо роҳбари Намояндагии Ташкилоти Байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнал Гаҷиев (Ҳоҷиев) вохӯрӣ намуд. Ҷаноби Зайнал Гаҷиев, барои ҳамкории судманд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли сипаримегашта, ба Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ташаккур намуд. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти […]

ASIA-Plus


Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. А. Девонаев бо роҳбари Намояндагии Ташкилоти Байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнал Гаҷиев (Ҳоҷиев) вохӯрӣ намуд. Ҷаноби Зайнал Гаҷиев, барои ҳамкории судманд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли сипаримегашта, ба Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ташаккур намуд.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, доир ба ҳолати кунунии муҳоҷирати меҳнатӣ, Сафиалло Девонаев, қайд кард, ки: «ТБМ дар самти танзими равандҳои муҳоҷират дар ҶТ саҳми калон дошта, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират фаъолияти ТБМ-ро дар Тоҷикистон баланд баҳогузорӣ менамояд».

Сафиало Девонаев, дар рафти мусоҳиба доир ба дастовардҳои Хадамоти муҳоҷират дар масъали танзими муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот дод.

 Дар навбати худ роҳбари Намояндагии ТБМ дар ҶТ оид ба лоиҳаҳое, ки дар соли 2012 ба нақша гирифта шудаанду, дар ҳамкории зич бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ хоҳанд гашт, мушаххас баён намуд. Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои ба нақшагирифта дар соли 2012, мустаҳкам намудани нерӯи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ва самти муҳими фаъолияти ҳарду ташкилот оид ба муҳоҷират идома додани кор оид ба автоматикунонии ҷамъоварии маълумоти омории соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар тамоми ҷумҳурӣ мебошад.

Аз фурсат истифода бурда, Сафиалло Девонаев ба роҳбари ТБМ барои пешниҳоди лоиҳаҳо оид ба танзими ҳолати муҳоҷират Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккур гуфт.

 Инчунин, Зайнал Гаҷиев ба Сардори Хадамоти муҳоҷират дар идомаи фаъолияти душвор дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, муваффақият таманно намуд.

 Дар интиҳои вохӯрӣ роҳбарони ҳарду мақомот қайд намуданд, ки мулоқот бо ҳусни тафовум ва таҳкими ҳамкориҳои судманд сипарӣ гашт. Ғайр аз ин, тарафҳо иброз доштанд, ки оид на дертар аз семоҳаи аввали соли 2012 меморандум оид ба ҳамкорӣ таҳия намуда, ба имзо мерасонанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...