Гардиши нав дар қазияи халабонон

Дар қазияи пурсарусадои халабонон гардиши тоза ба вуқӯъ пайваста, ширкати Rolkan Investments LTD ба додгоҳи вилояти Суғд аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шикоят бурд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҳимоякунандаи манфиатҳои ширкати мазкур дар додгоҳ Ғулом Бобоев хабар дод, директори генералии Rolkan Investments LTD Сергей Полуянов ба ӯ нусхаи шикоят ва ваколатномаи ҳуқуқи ҳифзи […]

Сайраҳмон Назриев


Дар қазияи пурсарусадои халабонон гардиши тоза ба вуқӯъ пайваста, ширкати Rolkan Investments LTD ба додгоҳи вилояти Суғд аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шикоят бурд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҳимоякунандаи манфиатҳои ширкати мазкур дар додгоҳ Ғулом Бобоев хабар дод, директори генералии Rolkan Investments LTD Сергей Полуянов ба ӯ нусхаи шикоят ва ваколатномаи ҳуқуқи ҳифзи манфиатҳои ширкат дар додгоҳро фиристодааст.

Ба қавли Бобоев, мақомоти раҳбарии ширкат ҳукми додгоҳ нисбат ба мусодираи ҳавопаймоҳоро ғайриқонунӣ шуморида, изҳор медорад, ки шаҳрвандони Русияву Эстония В.Садовничий ва А.Руденко ба сифати сархалабонони ҳавопаймоҳои мазкур ҷиҳати анҷом додани фаъолияти тибқи қарордод пешниҳодшуда дар Афғонистон ба кор қабул шудаанд.

«В.Садовничий ва А.Руденко дар доираи вазифаҳои хидматӣ амал карда, ҳавопаймоҳо ба онҳо аз ҷониби моликон ҳамчун воситаи иҷрои кор, хизматрасонӣ ва дигар супоришҳои иҷорагир дода шуда буд», – зикр мегардад дар нусхаи шикоят.

Ҳамчунин дар шикоят гуфта мешавад, «ҳарду ҳавопаймо моликияти ширкати Rolkan Investments LTD буда, мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ бидуни мавҷуд набудани айбе оид ба нақзи қонун мусодира шуда наметавонанд. «Ширкати мо бо истифода аз ин ҳавопаймоҳо нисбат ба Тоҷикистон ҳеҷ амали ғайриқонуние содир накардааст», – омадааст дар шикоят.

«Мақомоти тафтишоти пешакии Тоҷикистон иштибоҳан ҳавопаймоҳоро далели шайъӣ эътироф кардаанд, зеро то ҳанӯз онҳо моли ширкат буда, халабонон дар онҳо кори фармударо ба субут мерасониданд», – изҳор мегардад дар шикоят.

Ба гуфтаи адвокат, мақомоти раҳбарии ширкати Rolkan Investments LTD дар робита ба далелҳои дар боло зикршуда дархост кардааст, ки ба ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа аз 8-уми ноябри соли 2011 дар қисмати мусодираи ҳавопаймоҳо эътироз оварда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи вилояти Хатлон хабар доданд, алҳол ба онҳо шикояти мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоӣ нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки 8-уми ноябри соли равон додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments LTD, шаҳрвандони Русияву Эстония Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарду ҳавопаймо ва муҳаррики ҳавопаймо ба фоидаи давлат мусодира шуданд.

Дар таърихи 22-юми ноябр суди вилояти Хатлон бо тартиби кассатсионӣ ҳукмро бознигарӣ намуда, онро то мӯҳлати 2 солу 6 моҳ кам кард ва бо истифода аз қонуни афв ва ба инобат гирифтани муддати дар зиндон будани халабонон, онҳоро аз толори додгоҳ озод кард. Қарори додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бобати мусодираи ҳавопаймоҳо бетағйир боқӣ гузошта шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.