Намоишгоҳ – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд

Ахири ҳафтаи гузашта дар шафати Майдони «Ситораҳои Хуҷанд», қасабаи 12-ум ва маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд бо дастури Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Конибодом, Истаравшану Ғончӣ, Спитамену Зафаробод, ҳамчунин аҳли заҳмати корхонаҳои коркарди маҳсулот […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар шафати Майдони «Ситораҳои Хуҷанд», қасабаи 12-ум ва маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд бо дастури Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Конибодом, Истаравшану Ғончӣ, Спитамену Зафаробод, ҳамчунин аҳли заҳмати корхонаҳои коркарди маҳсулот ва муассисоти тобеи Иттифоқи матлуботи вилоят, Агентии захираҳои моддӣ бо мақсади ғановати дастархони солинавии шаҳриён дар маҷмӯъ 212,9 тонна меваю сабзавот, зироатҳои  полезӣ, гӯшту консерв, 8 ҳазор дона тухм ва дигар намудҳои маҳсулотро ба маърази намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Ҳамчунин алоқамандони Ассотсиатсияи асалпарварӣ, қаннодони соҳибҳунари хуҷандӣ дар шафати намоишгоҳ растаҳои алоҳида ороста, шириниҳои Хуҷандро ба ихтиёрдории харидорон пешниҳод карданд.

Дар радифи баргузории намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади болидагии табъи сокинони Хуҷанд ва меҳмонони маркази вилоят барномаҳои рангини консертӣ намоиш дода,  дигар табдирҳои фарҳангӣ роҳандозӣ гардиданд.

Ҳамин гуна намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ имрӯз дар арафаи Соли нав дар маркази ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд гузаронида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.