Дар ҷашни Соли нав лимити барқ бекор мегардад

Date:


Дар ҷашни Соли нави 2012 тамоми маногтиқи Тоҷикистон мунтазам бо нерӯи барқ таъмин карда хоҳанд шуд.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ 31-уми декабр ва дар рӯзи аввали Соли нави 2012 дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ лимити истифодаи барқ бекор карда мешавад, – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи «Норак» 896 метру 18 сантиметрро ташкил медиҳад. Соли гузашта сатҳи он 60 сантиметр баландтар буд. Феълан сатҳи ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш 210 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори ҳукумат, шурӯъ аз 12-уми октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид. Мувофиқи он, минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 6 то 10 соат бо барқ таъмин карда мешаванд Дар пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои бузурги кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нагардида буд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...