Пеш аз соли нав нархи маҳсулот дар Душанбе поин меравад

Дар  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдории Душанбе оид ба дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат тақвият бахшидани тадбирҳо баҳри ғановати бозори истеъмолӣ ва бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба дастурхони идонаи сокинон ба ифтихори Соли нав баргузор гардид. Тавре сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов […]

ASIA-Plus


Дар  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдории Душанбе оид ба дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат тақвият бахшидани тадбирҳо баҳри ғановати бозори истеъмолӣ ва бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба дастурхони идонаи сокинон ба ифтихори Соли нав баргузор гардид.

Тавре сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа роҳбарони аввали Иттифоқи «Тоҷикматлубот», бозорҳои коммуналии шаҳр, КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” ва раисони ноҳияҳои шаҳр ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа қарор гардид, ки рӯзҳои 28, 29, 30, 31 декабри соли 2011 ва 1 январи соли 2012  аз ҳисоби захираҳои ташкилотҳои зикргардида дар тамоми бозорҳои коммуналӣ : Шоҳмансур, Саховат, Деҳқон  ва Қарияи боло маҳсулоти ниёзи аввалияи гӯшти гов то 27 сомонӣ, гӯсфанд то 28 сомонӣ, биринҷ  то 7 сомонӣ, пиёз ва картошка то 1,7 сомонӣ, карам 1,3 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонӣ ва тухм 65 дирам ба фурӯш гузошта мешаванд.

Барои дастрасии васеи сокинон ярмарка-фурӯши номгӯи маҳсулоти зикргашта аз ҷониби сохторҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар даромадгоҳи бозори “Шоҳмансур”, вазорати кишоварзӣ дар боғи ба номи С. Айнӣ ва КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” дар бозори Қарияи боло  ташкил карда мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.